Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Таърихи 10 январи соли 2020 Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (Прокурори генералии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ҷаноби Муҳаммад Фарид Ҳамидӣ бо аҳли оила ва пайвандонаш аз ОМТ дидан намуданд.
Аз ҷониби мутахассисони ОМТ бо забони дарии форсӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сайри осорхонавӣ аз харитаи релефии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида бо тамошои дигар толорҳои намоишии Осорхона аз қабили “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Фарҳанги зардуштӣ” «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ» ва «Дайри Будоии Аҷинатеппа» идома ёфт.
Пас аз тамошои осорхона, меҳмонон оиди таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас ҷаноби Муҳаммад Фарид Ҳамидӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.