Боздиди ходимони дин, мудирони шуъба ва бахшҳои …
Боздиди ходимони дин, мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 13.03.2024 рӯзи сеюм мебошад, ки дар доираи ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва эълон гардидани 21 март ҳамчун – “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо”, боздиди ходимони дин, мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз толори “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо”-и Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.
Дар кори ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна ва директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, ба меҳмонон дар толорҳои “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” экскурсияҳо баргузор карда шуда, муҳтавои асосии ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо пешниҳод карда шуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешоҳанг дониста мешавад.
Дар доираи боздид ходимони дин аз дигар толорҳои Осорхонаи миллӣ низ дидан намуда, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
Боиси зикр мебошад, ки чорабинии мазкур бо мақсади ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири ҷалби сайёҳии дохилӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии мардуми кишвар роҳандозӣ карда шудааст. Аксҳо аз: Dushanbe-travel