“Бишнав аз най…” баргузории маҳфили илмӣ-фарҳангӣ
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва бо ташаббуси Шӯрои бонувони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Бишнав аз най…” баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбарият ва кормандони илмии Осорхона иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи расмии маҳфили фарҳангӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” муҳтарам Иброҳимзода Зафаршо Сафо суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки “Саҳми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад, аз ин рӯ, месазад, ки ба ифтихори ин нобиғаи миллати тоҷик чунин чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар сатҳи баланди эҷодӣ ташкил ва баргузор карда шавад”.
Дар идомаи маҳфил аз ҷониби корманди илмии Осорхонаи миллӣ барномаҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ аз қабили, қироати ашъори безаволи Мавлоно, замзамаи сурудҳо аз ашъори мондагори Мавлоно, саҳнаҳо аз ҳаёт ва рӯзгори Мавлоно, ҳамзамон, маърӯзаи илмӣ дар мавзуи “Нусхаҳои дастнависи Маснавии Маънавии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иҷро гардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфили мазкур пеш аз ҳама ҳифзу муаррифии осори безаволи Мавлоно ва арҷгузорӣ ба шахсияти ин нобиғаи миллати тоҷик мебошад.