Баргузории нишасти матбуотӣ ва Форуми байналмилалӣ …
Баргузории нишасти матбуотӣ ва
Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии Комил Ёрматов
Дар рӯзи дуюми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” имрӯз 16.10.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” нишасти матбуотӣ ва Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии Комил Ёрматов дар мавзӯи “Мероси фарҳангии Комил Ёрматов ҳамчун масири ягонагӣ ва руди кинематографияи миллӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, кинематографҳо, кинорежиссерҳо ва мутахассисони соҳа аз кишварҳои дуру наздик, намояндагони ВАО, инчунин дигар дӯстдорони кинои тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар суханронии худ зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани Синамоҷашнвора – ин пеш аз ҳама муаррифии беҳтарин филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ, рушд ва мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, густариши ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба, дастгирӣ ва баланд бардоштани таҷрибаи кинематографҳои ҷавон, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, офаридани лоиҳаҳои муштараки синамоӣ, инъикоси маконҳои сайёҳӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла, рушду равнақи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
Зимнан дигар меҳмонон низ аз муҳиммият ва саҳми ин Синамоҷашнвора дар рушди минбаъдаи кинои тоҷик ибрози андеша намуда, онро заминаи тавлиди андешаҳои нав ва бузург баҳри касби маҷрои нав дар ин соҳа номиданд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён дар Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии Комил Ёрматов дар мавзӯи “Мероси фарҳангии Комил Ёрматов ҳамчун масири ягонагӣ ва рушди кинематографияи миллӣ” суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, дарҷ гардид, ки оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд буда, он нахустин кинорежиссёри миллӣ мебошад. Дар ин радиф, «Ҳуқуқи бошараф» аввалин филми таҳиякардаи Комил Ёрматов дар соли 1932 буда, филми «Муҳоҷир», ки соли 1934 зери коргардонии ӯ сабт гардидааст, барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик мебошад.
Ҳамзамон меҳмонону иштирокчиёни Синамоҷашнвора аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар заминаи бозёфтҳои ёдгориҳо бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Ёддовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15 то 19-уми октябри соли 2023 Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.