Баргузории конференсияи илмӣ ва ифтитоҳи намоиши мусаввараҳо …
Баргузории конференсияи илмӣ ва ифтитоҳи намоиши мусаввараҳо таҳти унвони «Тоҷикистон — маркази байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 26.02.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҷиҳати қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар Иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — маркази байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.
Кори конфронси илмӣ бо суханронии директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо оғоз гардида, мавсуф зикр намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера эътироф гардида, тадриҷан ба маркази байналмилалӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо табдил ёфта истодааст. Ин мавқеи муҳим ба шарофати ташаббусҳои пайваста ва сиёсати фаъолонаи кишвар дар самти ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ба даст омадааст.
Дар рафти кори конфронс Ҳомидов Анвар Шеринович – номзади илмҳои география, ходими пешбари Маркази омӯзиши ҳифзи пиряхҳои АМИТ, Имомзода Абдуллоҳ Асадулло – номзади илмҳои география, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими географияи факултети географияи ДДОТ ба номи С.Айни, Давронов Одинаҳмад Бегмадович – ходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, Файзуллозода Хайруллои Абдулло – мутахассиси пешбари Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Ҳалим Салимович – магистранти соли дуюми кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геологияи ДМТ ва Раҳимзода Бахтиёр Абдулаҳад – номзади илмҳои география, сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ маърузаҳои хешро ироа намуда, қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» дар Иҷлосияи 7-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист рӯйдоди муҳим ва дорои аҳамияти таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Сипас, иштирокчиёни конфронси илмӣ аз намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷик, ки дар мавзӯъҳои гуногун вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, сарчашмаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи криосфера офарида шудаанд, дидан намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 13 адад беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон ба монанди Шарипов С. “Помир”, Шарипов Қ. “Ману дарё”, “Обшавии пиряхҳо”, “Чилдухтарон – макони сайёҳӣ”, “Боми ҷаҳон”, “Сари Хосор”, Файзов К. “Пиряхи Ванҷях”, “Деҳа”, Давлатов Ф. “Ҳафткӯл” ва ғайра офарида шудаанд, ва инъикосгари обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасорон, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар қисмати фарҷоми чорабинӣ, меҳмонон, инчунин аз толорҳои намоишии мутааллиқ ба “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо”-и шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ низ дидан намуданд.
Тамошобинон имкон доранд, ки аз намоиши мазкур то санаи 05.03.2026 дидан намоянд.


















