Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҷашнӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзи 16.11.2021 Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва намоиши ҷашнӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш қайд намуд, ки “Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад”.
Ҳамчунин дар чорабинӣ зикр шуд, ки 16 ноябр – ин санаи таърихӣ ва тақдирсоз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони дунё ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур намоиши асарҳои марбут ба ҳунарҳои рассомӣ, кундал ва сафолии Ҷӯраев Ғ., Шарипов Қ. Ғаюров К., Абдуқодиров М., Раҳимов Р., Ҷурахонзода С.Ш., Рабиев О. ва дигарон доир карда шуд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир гардидаанд. Инчунин дар як шафати он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобу албомҳои рангаву мусаввар дар бораи Президент ва дӯстӣ миёни Тоҷикистону кишварҳои дигар гузошта шуданд.
Зимнан дар толори “Истиқлолият”-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон айниҳол нахустин парчами кишвар дар даврони истиқлолият; курсӣ аз толори маҷлисгоҳи “Қасри Арбоб”; қалами таърихие, ки бо он ҳуҷҷатҳои муҳими созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расидааст; кӯзаҳои Ваҳдат, ки хокашон аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст; сиккаҳое, ки бо онҳо сифатнокии чархаҳои 1-ум ва 2-юми НБО “Роғун” санҷида шудаанд; мусаввараи “Савганди ҷовидонӣ”; минбаре, ки соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар болои Конститутсия даст гузошта қасам ёд кардааст ва дигар осори даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки аҳамияти муҳими таърихӣ доранд ба намоиш гузошта шудаанд, ки тамошобинон аз дидани ин ёдгориҳои ҷолибу ҷаззоб ғизои маънавӣ мегиранд.
Дар қисмати фарҳангии чорибинӣ аз ҷониби овозхони тоҷик Давлатман Хол ва сарояндаи шинохтаи тоҷиктабори Афғонистон Фаҳим Фано дар васфи Президент, Ватан, Сулҳ ва Ваҳдат таронаҳо садо доданд.
Намоиши ҷашнии мазкур то рӯзи 1 декабри соли 2021 идома меёбад.