Ифтитоҳи намоиши “Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон”

Бахшида ба таҷлили “Рӯзи Модар” санаи 03.03.2023 дар Маҷмааи “Истиқлол” бо истифода аз ашёи фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таҳти унвони “Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон”  намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.

Дар ифтитоҳи намоиш Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, бонувони соҳаҳои гуногуни пойтахт, кормандони Маҷмааи “Истиқлол” ва Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно намуд. Гуфта шуд, ки Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар навбати хеш зикр намуд, ки занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд ва дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

Баъдан бо буридани лентаи рамзӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардида, ба ҳозирин сайри осорхонавии пурмазмун баргузор карда шуд. Ба ин восита, оид ба ба ҳар як мусаввараи дар намоиш ба маъраз бароварда шуда, маълумоти васеъи ҷолиб ироа карда шуд.

Дар намоиш  25  адад мусаввараи нодири рассомон аз қабили офаридаҳои Казмичёв Ю.М. “Симои Розия Озод” (соли 1945), Ҳайдаров А.Қ. “Симои Зебо Аминова” (соли 1982), Лисиков И.Л. “Симои чемпион Зебуннисо Рустамова” (соли 1983), Абдураҳмонов И.А. “Кирмакпарварон” (соли 1955), Умаров А.П. “Модар аз деҳаи  Рарз” (соли 1982), Бенков П.П. “Духтари дуторнавоз” (соли 1947), Ёдгоров К. “Гулҳои Зарафшон” (соли 1980) ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Мақсад аз баргузор намудани намоиш муаррифӣ намудани  саҳм ва нақши Зан-Модар дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти рӯзмарра мебошад, ки дар асарҳои рассомони машҳури кишвар инъикос ёфтаанд.

Намоиши “Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон” то 15.03.2023  идома меёбад.