Ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо»
Рӯзи 03.12.2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикороти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонони фаъоли осорхонаҳои вилоятии Суғду Хатлон ва осорхонаҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ҳисор ва ноҳияи Данғара инчунин донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки мутахассисони ояндаи ин соҳа мебошанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст иштирокчиёни ҳамоиш аз гӯшаҳои навтаъсиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба монанди “Кулолгарӣ”, “Мисгарӣ”, “Мардумшиносӣ”, “Тасвири сиккаҳо дар рӯи девор” ва диорамаи “Зарробхона” дидан намуданд.
Сипас, дар толори осорхона аз ҷониби иштирокчиён Суруди миллӣ зинда сароида шуда, баромадкунандагон дар мавзуъҳои хеш аз дастовардҳои ҷавонони осорхонаҳои худ сухан намуданд. Дар охир аз ҷониби ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ муроҷиатнома низ қабул карда шуд.
Ҳадаф аз ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ – ин шарҳу тавзеҳи дастовардҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳми ҷавонон дар пешрафти соҳа мебошад. Зеро маҳз бо шарофати истиқлолият дар баробари дигар соҳаҳои муҳими кишвар соҳаи фарҳанг хосатан самти осорхонаҳо рушду такомул ёфта истодааст.
Баҳри қадрдонии ҷавонони фаъоли соҳаи осорхонашиносии кишвар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба онҳо ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.