Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих”
Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони “Оинаи таърих” ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо ва ғолибони озмун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Озмун аз рӯйи бахшҳои “Беҳтарин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ” ва “Беҳтарин хона-осорхона” дар се давр баргузор гардид. Даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, осорхонаҳои намунавӣ ба даври вилоятӣ пешниҳод гардиданд. Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанг ва осорхонашиносӣ таъсис ёфта буд, пас аз натиҷагирӣ осорхонаҳои намунавиро ба даври ниҳоӣ пешниҳод намуданд.
Дар маҷмуъ, 10 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва 5 хона-осорхона сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф ва мақсади асосӣ аз баргузории озмуни мазкур ин пеш аз ҳама такмили шаклу услубњо ва ба талаботи замони истиќлол мутобиќ гардонидани фаъолияти осорхонањои мамлакат, шиносоии њарчи бештари шањрвандон ба мероси пурарзиши ниёгон, истифодаи самарабахши захирањои мављудаи осорхонањо дар тарбияи маънавї, ахлоќї, њуќуќї, ватандўстї, њисси хештаншиносї, эњтиром ба мероси ниёгон, љалби таваљљуњи ањли љомеа ба мушкилот ва эњтиёљоти осорхонањои кишвар мебошад.
Ҳамчунин меҳмонон дар ҳошияи ин чорабинӣ аз имитатсияи ёдгории “Тахти Сангин”, ки ба муносибати 2500-солагии ин шаҳрак дар Осорхонаи миллӣ сохта ба истифода дода шудааст, дидан намуданд.
Маврид ба зикр мебошад, ки ин ёдгорӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти Сангин” ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.