ЭЪЛОН!!! “РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД” ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ …

ЭЪЛОН!!!
“РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД” ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БА ИФТИХОРИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 16.11.2024 “Рӯзи дарҳои кушод” эълон гардида, тамошобинон имкон доранд аз соати 08:00 το 18:00 ба таври ройгон аз толорҳои намоишии осорхона дидан намоянд.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонони осорхона дар “Толори тухфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” экскурсияҳо баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин санаи ҷашнӣ мусаввараи рассоми ҷавони точик Боймуродов Беҳзод, ки симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ба монанди нақби “Истиқлол”, Роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб, роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ, эстакадаҳои шаҳри Душанбе, кӯҳҳои осмонбӯс ва дигар иншоотҳо бо санъати баланди тасвирӣ офаридааст, муаррифӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки асари мазкур ба тозагӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаст.
Аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмонони Пойтахти азиз шаҳри Душанберо ба чорабиниҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват менамоем.