Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия – қонуни сарнавиштсози миллат» конференсияи илмӣ–назариявӣ баргузор гардид
Рӯзи 04.11.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия – қонуни сарнавиштсози миллат» баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Хуршед Махшулзода – “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мафкураи миллӣ”, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод – “Оид ба пайдоиш ва таърихи эъломияи Куруши Кабир”, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи ИФСҲ АМИТ Буризода Эмомалӣ – “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ниҳодҳои давлатдории миллии тоҷикон”, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангинов Дониёр – “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади руштбахшандаи соҳаҳои хоҷагии халқ”, муовини сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон профессор Қурбонов Баҳром – “Аз таърихи қабули Конститутсия”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Шарифзода Фазлиддин – “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёти миллӣ”, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ Назаров Давлатхон – “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалияти меъёрҳои он бар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ” ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Шарифов Шуҳратҷон – “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ” иштирок ва мавзӯҳои хешро ироа намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар гӯшаи алоҳида Конститутсия ба таври доимӣ гузошта шуда, дар он доир ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз, зарурати қабули он, давраҳои таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо ва аҳамияти таърихию иҷтимоии он муаррифӣ мегардад, ки гӯшаи мазкур дар баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва ҳуқуқии насли ҷавон ва дар умум ҷомеъа нақши хело бузург дорад.
Зимнан дар конференсия зикр шуд, ки қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.