Дар мавзуи “Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзи 27.01.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.
Дар конференсия бо иштироки доираи васеъи коршиносон, олимону муаррихон мавзуъҳои “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши экскурсия дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон”, “Таҳкими маорифи миллӣ – василаи тарбияи ватандустӣ”, “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва моҳияти он”, “Инъикоси афкори ватандӯстӣ дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик” ва “Нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” пешниҳод гардиданд.
Дар конференсия зикр гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки санаи 24-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад.
Инчунин қайд шуд, ки имрӯз ватандӯстӣ як рукни асосии мафкураи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин масъаларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доимо таъкид менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари дигар муассисаҳои фарҳангӣ осорхонаҳо низ дар тарбияи ватандӯстӣ мавқеи хосаеро ишғол менамоянд. Зеро, осорхонаҳо ин ойинаи таърих, маркази ҳифзи мероси ниёгон, баёнгари воқеаҳои тақдирсоз, посдори урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ, маркази тарбияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастию башардӯстӣ, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва аз ҳама муҳимтар муҳофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошанд.
Фаридун Кенҷаев – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон