ЗАРГАРӢ
Заргарӣ – аз калимаи форсу тоҷикӣ ҷавоҳир гирифта шуда, маънояш ганҷ мебошад. Заргарӣ яке аз касбҳои нозуктарин, зеботарин ва қадимтарин ба ҳисоб рафта, аз бозёфтҳои қадима маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи асри биринҷӣ мансуб мебошад. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваи бадӣ нигоҳ медоштанд. Дар давраҳои минбаъда хусусан асримиёнагӣ тарзи ороиши заргарӣ рушд ёфта, заргарон бештар нақшҳои ислимӣ, гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекарданд. Ин ҳунар миёни мардуми тоҷик бахусус, мардуми Хатлонзамин то ҳанӯз мақоми хоса дошта, таваҷҷӯҳи мардум нисбати ин касби аҷдодӣ бештар гардида истодааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳунари заргариро тӯли чандин солҳо аз насл ба насл мерос гузошта, ба он ҳамчун касби бобоӣ арҷ мегузоранд. Заргари бомаҳорату овозадор Зумрадбӣ бо номи Зумрадбии заргар маълуму машҳур буд. Фарзандони Зумрадбии заргар Маҳмуд ва Ҷӯрахон касби бобоиро идома дода, ин касби авлодиро аз бобои худ усто Очил, ки яке аз заргарони бомаҳорату овозадори деҳаи Тебалайи шаҳри Кӯлоб буд, омӯхтаанд. Бояд қайд намуд, ки дар Осорхонаи миллӣ низ ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории ин осори ниёгон ба роҳ монда шуда, зиёда аз 1000 адад намунаҳои ҳунари заргарӣ аз қабили гӯшвор, қулфи гиребон, қоштилло, пешонабанд, тумордон, ангуштарин, дастпона, зеби гардан, сарсӯзан, камарбанд ва ғайраҳо ҳифзу нигоҳдорӣ шуда, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.