Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Кулолгарӣ – ҳунарест, ки аз лои махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Гили кулолгарӣ аз давраҳои қадим маҳсулоти аз ҳама наздик ва аз ҳама дастрас ба шумор мерафт. Дар давраи ҳукумронии сулолаи Сомониён ин ҳунари аҷдодӣ ба авҷи тараққӣ расида буд. Дар Осорхонаи миллӣ ин ҳунари кулолгарӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд.