СИККАҲО
Осорхонаи миллӣ аз рӯзи аввали ташкилшавии худ дар баробари дигар осорҳои таърихӣ ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва омӯзиши сиккаҳо аҳамияти калон медиҳад, чунки сиккаҳо барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик як сарчашмаи хеле муҳим мебошанд. Аввалин сиккаҳо ба осорхона ҳанӯз дар ибтидои ташкилшавии он дар соли 1934 ворид шуда, минбаъд ин амал идома ёфт. Мавриди зикр аст, ки аз соли ифтитоҳи Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод то соли 1998 дар фонди осорхонаи мазкур 1375 сиккаҳои қадим, асримиёнагӣ ва муосир ҷамъоварӣ шуда буданд.
Бояд зикр намуд, ки ин тадбир дар давраи истиқлол на танҳо идома ёфт, балки хеле рушд кард. Дар 30 соли истиқлоли давлатӣ шумораи коллексияи сиккаҳои Осорхонаи миллӣ ба беш аз 21 ҳазор расидааст. Албатта, ин муваффақият дар ин соҳа аз сиёсати фарҳангсолоронаи роҳбарияти кишвар дар ростои ба воя расондани кадрҳои баландихтисос маншаъ мегирад.
Чуноне, ки дар боло зикр намудем дар фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 21 ҳазор сиккаҳо ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд, ки дар байни онҳо сиккаҳои нодир хеле зиёданд. Аз ҷумла, сиккаи мисии Ҳахоманишиҳо, тетрадрахмаи Искандари Мақдунӣ, тетрадрахмаҳои шоҳони Юнону Бохтар ва Кушониён, сиккаҳои сосонӣ, аббосию сомонӣ ва темурӣ аз ҷумлаи онҳоянд, ки аксари онҳоро сиккаҳои тиллоӣ ташкил медиҳанд. Қисме аз ин сиккаҳои нодир дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Аҳамияти умдаи ин сиккаҳо дар он аст, ки ҳамаи онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд ва дар бораи муомилоти пулию сиккасозии ин ҳудуд дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумоти хеле муҳим медиҳанд.