КУНДАЛ

Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ мехонандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Мувофиқи тахмини олимон замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои маркази қадимаи тоҷикон – Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад, инчунин қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт. Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекард.

Устодони барҷастаи кундал Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов ҳисоб мешаванд. М.Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар Душанбе фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар Душанбе мебояд Кароматулло Ғаюров ва Тошқувват Ҳаитовро ном бурд.

Дар баробари дигар коллексияҳои фонди Осорхонаи миллӣ коллексияи “Кандакорӣ ва кундал” мавҷуд аст, ки зиёда аз 380 ададро ташкил медиҳанд. Дар таркиби коллексияи “Кандакорӣ ва кундал” асарҳои устодони барҷастаи ҳунари тоҷик аз қабили Ҳамроқул Шарифов, Мирзораҳмат Олимов, Кароматулло Ғаюров, Мирсаидов Саъдулло, Нуритдинов Сироҷиддин, Яҳёев Алӣ ва дигарон мавҷуданд, ки дар ошёнаи сеюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамарӯза аз онҳо ҳазорҳо шаҳрвандони дохилию хориҷӣ дидан мекунанд.