КАНДАКОРӢ

Кандакорӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ки ҳазорсолаҳо қабл истифода шуда, то ба замони мо расидааст.  Шаҳру қалъаҳо ва маконҳои таърихӣ, ки аз ниёгонамон то имрӯз боқӣ мондаанд, дару дарвозаҳои онҳо бо усули хос кандакорӣ ва оро дода шудаанд. Оғози ҳунари кандакориро олимон ва санъатшиносон ба асрҳои  VIII-X рабт додаанд. Имрӯзҳо санъати кандакорӣ инкишоф ёфта, рӯ ба тараққӣ мебошад. Кандакорон дар чӯб ва санг ҳунарҳои худро нишон медоданд. Инчунин, кандакорони моҳири тоҷик ҳатто бо хати форсӣ сухан ва дигар иқтибосҳоро менавиштанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст.

Санъати муосири кандакории чӯбии тоҷикон дар ду самт инкишоф меёбад: мардумӣ ва касбӣ. Вале, дар ҳар ду ҳам анъанаҳои асримиёнагии санъати ороишӣ нигоҳ дошта шудаанд. Услуби мардумӣ идомаи анъанаҳои пешин буда, дар деҳот бисёр вомехӯрад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҳсули дасти кандакоронро дар сутуну болор, дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ дидан мумкин аст. Дар Осорхонаи миллӣ намунаҳои олии кандакорӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд.