Боздиди мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ аз Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 31.05.2025 Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ Торҳан Мудҳер Ҳассан Ал-Муфтӣ ва ҳайати меҳмонони олиқадр, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифта, аз ҷониби корманди муассиса ба меҳмонон сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Тавассути сайри осорхонавӣ дар толори пиряхҳо ва толори махсуси экспозитсионии шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо аз наздик муаррифӣ карда шуд. Инчунин, меҳмонон дар мисоли ёдгориҳои марбут ба “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти Қадим”, “Аҷинатеппа”, “Сомониён”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо”, “Мисгарӣ”, “Мероси хаттӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо таърихи куҳани халқи тоҷик аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамин тариқ, Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ироқ Торҳан Мудҳер Ҳассан Ал-Муфтӣ аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.