Боздиди қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam …
Боздиди қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam – 2024» Аз Осорхонаи миллӣ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки давоми рӯзҳои 3-5 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam – 2024» оид ба варзиши гуштини ҷудо баргузор гашта истодааст, ки дар ин мусобиқа 390 паҳлавонон аз 65 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ менамоянд.
Дар ин замина, имрӯз санаи 05.05.2024 ҳайати ҷудогарони австриягӣ, иборат аз ғолибон ва барандагони медали тилло дар байни занон – Михаэла Поллерес (дар вазни 73 кг), Лубяна Пиовесана (63 кг), Вахид Борчашвили (барандаи медали нуқра дар вазни 81 кг дар байни мардон) ва дигар варзишгарон ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба “Осорхонаи миллӣ” ташриф оварданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Ба ин восита, меҳмонон бо давраҳои пурифтихори тарихи халқи тоҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири асри санг, аҳди биринҷ, ҳунари кулолгарӣ, давлатдории Ҳахоманишиён, имитатсияи Тахти Сангин, давлатдории Кушониёну Сосониён, Панҷакенти қадим ва толори туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.
Баъд аз сайри осорхонавӣ қаҳрамонони риштаи ҷудо дар китоби “Меҳмонони фахр”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳои худро дарҷ намуда, соядаст гузоштанд.