Баргузории намоиши ҷашнӣ ва конференсияи ҷумҳуриявӣ …

Баргузории намоиши ҷашнӣ ва конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ

   Имрӯз 25.06.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27 – солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони “Пешвои миллат – мунодии асили Ваҳдат” баргузор гардид.

Дар чорабинии ҷашнӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзоёни Шурои куҳансолон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. 

Дар ибтидо меҳмонон аз намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ нигораҳо аз раванди музокирот ва расидан ба сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди “Хомаи сулҳ”, “Кӯзаи ваҳдат”,  мусаввараҳои “Сулҳ – мақсади асосӣ”, “Савганди ҷовидонӣ”, “Дуои Модар”, “Истиқлолият” ва осори илмии донишмандони тоҷик пешниҳод шудаанд, ки ҳаряки онҳо доир ба ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми тоҷик қисса мекунанд.

Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ дар толори мудаввари Осорхонаи миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии “Пешвои миллат – мунодии асили Ваҳдат” баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, раиси Шурои кӯҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусаева ва шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни конференсия ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва муҳаққиқони соҳа дар мавзуи “Пешвои миллат – мунодии асили Ваҳдат” фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Намоиши “Пешвои миллат – мунодии асили Ваҳдат” дар Осорхонаи миллӣ то санаи  1.07.2024 идома меёбад.