Баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2025” …
Баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2025” дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 18.05.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2025” баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ ва муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода роҷеъ ба таърих ва аҳамияти чорабинии “Шабе дар Осорхона” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Чумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Фаластин, Покистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷопон, Афғонистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сарпарастони чорабинӣ, намояндагони ВАО-и кишвар ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” имсол маротибаи 12-ум аст, ки иқдомоти мазкурро барои тамошобинони ватаниву хориҷӣ ва тамоми дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор намуд. Дар доираи ин иқдом дар роҳравҳо ва толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 30 намоишҳо ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, аз қабили: саҳнаҳои театрӣ ба ифтихори бузургдошти 2550-солагии эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, 1045-солагии донишманд, файласуф ва табиби тоҷик Абӯалӣ ибн Сино, 80-солагии Ғалаба дар ҶБВ, 115-солагии шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва 125-солагии ҳофизи маъруфи тоҷик Саидалӣ Вализода, инчунин шоу маҳфили кӯдакона COSMOLAND, дарсҳои устод-шогирд, намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони Тоҷикистон дар васфи НБО Роғун таҳти унвони “Кохи Нур”, намоиши асарҳои муссавир ва ҳайкалтароши олмонӣ Гюнтер Юккер, ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ҳунари минётурнигорӣ ва асарҳои минётурнигори тоҷик Олим Камолзода, бахшида ба бузургдошти “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар намоишҳое, ки дар маҷмӯъ таҷассумгари таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошанд, пешниҳод намуд.
Инчунин, дар қисмати намои берунии бинои муассиса тавассути экрани калонҳаҷм филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” пешкаши ҳамагон гардонида шуда, дар саҳни ҳавлии муассиса бошад барои фароғати фарҳангии сокинони кишвар шоу консерти сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ зери унвони “Навои Истиқлол” баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, иқдомоти байналмилалии “Шабе дар Осорхона – 2025” дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву якдилӣ пешкаши 15890 нафар сокинони фарҳангдӯсти кишвар ва сайёҳони хориҷӣ гардид.