Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз (15.11.2022) дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатов Ҷумъа, Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – Иброҳимзода Зафаршо, собиқ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Додхудоева Бозгул, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик – Марям Исоева, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидов Нуралӣ, сардори шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва Осорхонаи миллӣ, инчунин магистрантони Академияи идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Осорхонаи миллӣ иштирокчиён нахуст аз толори “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” дидан намуданд.

Сипас, дар толори мудаввари Осорхонаи миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз бахшида шуда, баромадкунандагон оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониҳо намуданд.

Воқеъан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.