Баргузории ҷаласа таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мо” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзи 11 феврали соли 2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мо” бо иштироки дороираи васеъи кормандон ҷаласа баргузор гардид.
Зимни баргузории ҷаласа директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода баромад намуда, қайд намуданд, ки Паёми навбатӣ низ ба мисли дигар паёмҳои қаблӣ дурнамои сиёсати фарогири кишварро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар бар гирифта, ба сифати роҳнамо ба мардуми шарифи Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.
Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар тавсияву ҳидоят ва вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба таҳлилу баррасии масъалаҳои муҳими фарҳангӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш зикр намуданд, равона карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанг ва таърихи бостонии миллат, инчунин омӯхтан ва аз худ кардани мероси ҷовидонаи фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат бояд осори онҳо дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шавад.
Дигар масъалае, ки дар рафти ҷаласа ба он таваҷҷӯҳ зоҳир гардид, ин ҷамъоварии мероси таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода таъкид гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат дар фаъолияти минбаъдаи мо кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо истифода гардида, мо кормандон вазифадор ҳастем, ки ҳар як нуктае, ки дар ин Паём аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, ба пуррагӣ иҷро намоем.