Ҳамоиши илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо»
Рӯзи 15.02.2022 Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бахшида ба эълон гардидани соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, ҳолат ва дурнамо» баргузор намуд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, намояндагони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати кӯҳсор буда, макони яхбандиҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Пиряхҳои хурду бузург 6% ҳудуди онро ташкил намуда, манбаи асосии дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ – Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, вазъи пиряхҳои мамлакат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз натиҷаи чунин ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи обшавии пиряхҳо буд, ки имрӯз дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” таъсис ёфтааст, ки барои омӯзиш ва муайянсозии вазъи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Дар кори ҳамоиш доираи васеи олимону муҳаққиқон ва инчунин масъулини ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои пиряхҳои мамлакат дар мавзуҳои “Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳо”; “Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим”; “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаи кӯли Қарокӯл”; “Ҳолати кунунии яхбандии ҳавзаи дарёи Ғунд” ва “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои ҳавзаи Искандаркӯл” маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Зимнан дар ҳамоиш зикр шуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об тамоми кӯшишро ба харҷ дода, тадбирҳои назаррасро андешида истодаанд.
Дар охири ҳамоиш миёни олимону муҳаққиқон оид ба мавзӯъҳои болозикр мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллӣ – Кенҷаев Фаридун