Ифтитоҳи намоиши байналмилалии Осорхонаи миллии …
Ифтитоҳи намоиши байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир” дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим
20 октябри соли 2026 дар Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и шаҳри Рим намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» бо иштироки намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия расман ифтитоҳ гардид. Дар маросими ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Амонзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби генералии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, мушовири дипломатии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Италия Клементе Контабиле (Clemente Contestabile), директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, директори Хадамоти III-и Сарраёсати дахлдори Италия Томмазо Серафини (Tommaso Serafini) ва директори Осорхонаи тамаддунҳои Рим доктор Луана Тониоло (Luana Toniolo) суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо аҳамияти намоишро дар муаррифии таъриху тамаддуни ғании халқи тоҷик ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни Тоҷикистону Италия таъкид кард. Ӯ баргузории ин чорабиниро дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти рамзӣ арзёбӣ намуд. Дар навбати худ, мушовири дипломатии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Италия Клементе Контабиле ба роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà)-и Рим барои ҳамкории судманд ва фароҳам овардани имконияти баргузории чунин намоиши бошукӯҳи байналмилалӣ изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки баргузории чунин намоишҳо дар омӯзишу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, ӯ изҳори итминон намуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия дар соҳаи осорхонашиносӣ минбаъд низ густариш ёфта, самтҳои нави ҳамкории муштаракро фаро хоҳанд гирифт. Дар намоиш 80 ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ, ки давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро аз асри VI пеш аз милод то асри XXI фаро мегиранд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, Аҷинатеппа ва Бунҷикат, катибаҳои суғдӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои анъанавӣ ва санъати тасвирӣ аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими намоиш мебошанд. Дар доираи намоиш ҳамчунин мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, ки соли 2018 ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ва санъати сохтану навохтани рубоб, ки соли 2024 ба ин феҳрист шомил шудааст, муаррифӣ мегардад. Ба муносибати баргузории намоиш феҳристи мукаммали ёдгориҳо дар ҳаҷми 120 саҳифа бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст. Директори Осорхонаи тамаддунҳои Рим доктор Луана Тониоло низ аҳамияти ин ташаббусро дар муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои байниосорхонавӣ таъкид намуда, барои ҳамкории судманд ва ташкили намоиш изҳори сипос кард. Ӯ ҳамчунин омодагии ҷониби Италияро барои идомаи ҳамкориҳои муштарак дар оянда иброз дошт.














