Ифтитоҳи намоиши ҷашнии «Модарнома» дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиши ҷашнии «Модарнома» дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 02.09.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати 80-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф намоиши инфиродии асарҳои устоди шуҳратёр таҳти унвони «Модарнома» ифтитоҳ гардид.
Дар кори намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Панҷшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, санъатшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Лариса Назаровна Додхудоева, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, рассом-ороишгар, санъатшинос Манзура Улҷабоева, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин ва дигар наздикону пайвандони ҳунарманд ва дӯстдорони санъат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳои хеш иштирокдорон саҳми арзандаи устод Сабзаалӣ Муродзодаи Шарифро дар рушди санъати тасвирии миллӣ, тарғибу муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон, таҷассуми симои модар дар эҷодиёти ӯ, инчунин хизматҳои бисёрсолаи устодро дар рушди санъати монументалӣ-ороишии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар намоиш зиёда аз 30 адад асарҳои рассом аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ ва коллексияи шахсии устод ба маърази тамошо гузошта шудааст. Осори ба намоиш гузошташуда паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Сабзаалӣ Муродзодаи Шарифро фаро гирифта, меҳру эҳтиром ба модар, арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро инъикос менамоянд.
Меҳвари асосии намоишро асарҳои деворнигорӣ, аз ҷумла «Аз давра ба давра», «Аз дида ба дида», «Аз дуриҳо ба нуриҳо» ва «Аз нуриҳо ба фарозиҳо» ташкил медиҳанд. Дар ин асарҳо таърихи пурифтихори миллати тоҷик, фарҳангу тамаддуни он ва арзишҳои маънавию миллӣ бо истифода аз забони хоси санъати тасвирӣ таҷассум ёфтаанд.
Муҳтавои намоиши «Модарнома» тавассути асарҳои наққошӣ таърихи тоҷикон ва ниёгони онҳо, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба забони миллӣ, чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги тоҷикон ва хизмати мондагори онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳониро инъикос менамояд. Дар мусаввараҳои намоишгоҳ, ҳамчунин, талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сарҷамъ намудани тоҷикони ҷаҳон, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва таърихи пуршукӯҳи тоҷикон инъикос гардидаанд.
Яке аз мавзуъҳои асосии эҷодиёти устод симои зан-модар мебошад. Рассом дар асарҳои худ модарро ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, зиндагӣ, вафо, саодат ва бақои наслҳо тасвир намуда, тавассути ранг ва шакл эҳсоси гарми инсонӣ ва муҳаббат ба Ватанро ба бинанда мерасонад.
Дар ҷараёни чорабинӣ, ҳамчунин таъкид гардид, ки эҷодиёти Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф бо таъриху фарҳанги миллӣ пайванди ногусастанӣ дошта, дар тӯли беш аз панҷ даҳсолаи фаъолияти эҷодӣ ӯ тавонистааст саҳми арзандаи худро дар рушди санъати монументалӣ-ороишӣ ва санъати тасвирии муосири Тоҷикистон гузорад.
Қобили зикр аст, ки Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф муаллифи як қатор асарҳои муҳимми санъати монументалӣ буда, дар офаридани рамзҳои ҳокимияти президентӣ, аз ҷумла Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми назаррас дорад.
Намоиши инфиродии асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф таҳти унвони «Модарнома» барои дӯстдорони санъат, муҳаққиқон, аҳли фарҳанг ва ҷомеаи кишвар имкони хуберо фароҳам меорад, то бо осори гаронбаҳои устоди санъати тасвирии тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Намоиши мазкур то 2 октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллӣ идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он боздид намуда, бо ҷаҳони рангини эҷодиёти яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тасвирии Тоҷикистон шинос гарданд.





















