«Мӯқаламе, ки таърихро зинда кард». Ифтитоҳи намоиши асарҳои …

«Мӯқаламе, ки таърихро зинда кард». Ифтитоҳи намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров дар Осорхонаи миллӣ

Дар таърихи рӯзи 17.07.2026, дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба муносибати 110-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров, намоиши осори ин устоди барҷаста таҳти унвони «Мӯқаламе, ки таърихро зинда кард» ифтитоҳ гардид.

Ба чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ҳусни оғоз бахшида, дар суханронии хеш ҳозиринро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур бузургдошти яке аз устодони беназири санъати тасвирии миллии тоҷик, арҷгузорӣ ба осори мондагори мусаввир ва муаррифии мактаби классикии рассомӣ ба ҳисоб меравад.

Дар кори намоиш Рассоми Халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарипов, санъатшинос, доктори илмҳои таърих, профессор Лариса Назаровна Додхудоева, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова ва ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр андар перомуни осори пурмӯҳтаво ва саҳми назарраси Ашур Ҳайдаров дар рушду нумӯи мактаби санъати рассомии классикии тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 33 адад офаридаҳои беназир аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки аз ҷониби устод чирадастона офарида шуда, тобиш ва таносуби рангҳо, олами ботинии қаҳрамонон ва табиати зебои Тоҷикистонро инъикос менамоянд. Ба қатори асарҳои машҳури таърихӣ ва созандагӣ, ки ба намоиш гузошта шудааст, шоҳкориҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯалӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Афтодани Аморат» ва «Ҳуҷум» мансуб мебошанд.

Ҳамзамон дар намоиш зиёда аз 40 адад асарҳои қаламкашӣ (графика)-и Ашур Ҳайдаров аз коллексияи шахсии хонаводагӣ, ки аз ҷониби фарзанди мусаввир Мавлуда Ҳайдарова ба муассиса оварда шудааанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Ашур Ҳайдаров (1916–1998) — 14 июли соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шуда, соли 1938 омӯзишгоҳи рассомии он ҷоро хатм намудааст. Рассом иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) буда, аз соли 1955 дар шаҳри Душанбе дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Аз соли 1956 рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон ва иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва мебошад. Соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС гардидааст. Устод барои хизматҳои шоистааш соли 1990 бо унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» мушарраф гаштааст. Осори ӯ соҳиби эътирофи байналмилалӣ гашта, имрўз дар осорхонањои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ганҷинаҳои миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз мешаванд.

Намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров «Мӯқаламе, ки таърихро зинда кард» то 04.08.2026 идома хоҳад ёфт ва Осорхонаи миллӣ кулли ҳаводорони санъатро ба тамошои осори классикии санъати тасвирии тоҷик даъват менамояд!