Ифтитоҳи нахустнамоиши «Меандешам, пас ҳастам» дар Осорхонаи миллӣ

Ифтитоҳи нахустнамоиши «Меандешам, пас ҳастам» дар Осорхонаи миллӣ

Имрӯз, 22.05.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии ИҶШС ва Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов таҳти унвони «Меандешам, пас ҳастам» ифтитоҳ гардид.

Дар кори намоиш Муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Зарифӣ Алишер Наҷмиддин, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар, собиқ дабири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Олимов, Арбоби давлативу ҷамъиятӣ Сабоҳат Раҳимзода ва фарзанди мусаввир Малика Қурбонова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар намоиш ҳамзамон, дӯстон, наздикону пайвандони мусаввири барҷаста, санъатшиносон, чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу адабиёт, шоирону нависандагон, ҳунармандону мусаввирон, намояндагони корпусҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои олии кишвар, кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Пас аз суханронӣ бо буридани лентаи рамзӣ намоиши асарҳои мусаввири машҳури тоҷик Суҳроб Қурбонов таҳти унвони «Меандешам, пас ҳастам» ифтитоҳ гардида, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуданд.

Экспозитсияи намоишгоҳ осори санъати тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои муҳими фаъолияти эҷодии ӯро инъикос менамояд. Дар маркази намоиш триптихи маъруфи «Меандешам, пас ҳастам» қарор дорад, ки яке аз шинохтатарин асарҳои санъати тасвирии муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои ин асар рассом ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

Триптихи мазкур бозтоби андешаҳои фалсафии муаллиф оид ба Ватан, ҳувияти миллӣ, хотираи таърихӣ ва пайванди маънавии наслҳо мебошад.

Суҳроб Қурбонов — Рассоми халқии ИҶШС ва Тоҷикистон, секарата барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, узви як қатор академияҳои бонуфузи байналмилалӣ ва яке аз чеҳраҳои намоёни санъати тасвирии Осиёи Марказӣ мебошад.

Ӯ беш аз се даҳсола роҳбарии Иттифоқи рассомони Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар рушди санъати муосири миллӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Ҳамчунин муаллифи Нишони шаҳри Душанбе буда, дар таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирифтааст.

Осори Суҳроб Қурбонов дар осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла Галереяи давлатии Третяков, Осорхонаи Метрополитен дар Ню-Йорк ва Осорхонаи давлатии Шарқ маҳфуз мебошанд.

Намоиш то санаи 05.06.2026 идома меёбад.