«Устувонаи Куруш – аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» …
«Устувонаи Куруш – аввалин эъломияи ҳуқуқи башар». Баргузории конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 21.04.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Устувонаи Куруш – аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» бо иштироки доираи васеи донишмандону олимон, нависандагон ва пажуҳишгарони ватанӣ баргузор гардид.
Кори конфронси илмӣ бо суханронии директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо оғоз гардида, мавсуф зикр намуданд, ки Устувонаи Куруши Кабир аҳамияти илмӣ ва таърихии сатҳи ҷаҳонӣ дошта, аз ҷониби олимону сиёсатмадорони олам ҳамчун нахустин эломияи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст.
Дар кори конфронс Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшо Яқубов дар мавзӯи “Ақоиди Устувонаи Куруш аз Авасто сарчашма мегирад”, нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон дар боби “Куруши Бузург ва озодии дину эътиқодҳо дар аҳди қадим”, директори Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирализода Раҳмоналӣ дар мавзӯи “Устувонаи Куруши Кабир – намоди адолат ва озодӣ” ва номзади илмҳои таърих Давлатшоев Раҳматшо дар мавзӯи “Устувонаи Куруш – нахустин мабнои дунявият ва мардумсолорӣ” маърузаҳои муфассали хешро ироа намуданд,
Дар рафти конфронс, ҳамзамон, кормандони Осорхонаи миллӣ, донишҷӯёни бахши таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 6-уми ноябри соли 2025 зимни иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид.
Эъломияи Куруши Кабир соли 539 то милод тартиб дода шуда, соли 1879 дар Бобул, имрӯза ҳудуди Ироқ аз ҷониби бостоншинос Ҳурмуз Расом кашф гардидааст. Ин осори бостонӣ, ки бо хати мехӣ ва забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи шоҳи ориёӣ Куруши II, ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул сиёсат ва роҳи таҳаммулпазириро ба ҷойи зулму истисмор ва ғорат интихоб кард. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» доир ба Эъломияи Куруши Кабир, қайд менамоянд “Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад ва нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст”.
Конфронси мазкур дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он – бузургдошти эъломия ва бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ба ҳисоб меравад.
Дар охир миёни иштирокчиёни конференсия муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.










