Ифтитоҳи намоиши “Дидор” дар Осорхонаи миллӣ
Ифтитоҳи намоиши “Дидор” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 14.04.2026, дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, намоиши бошукӯҳи осори тармимшуда таҳти унвони «Дидор» ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова дар суханрониҳои хеш қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи ҳифз, тармим ва барқарорсозии осори таърихию фарҳангӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, ин раванд ҳамчун ҷузъи муҳимми худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Чорабинии мазкур идомаи тадбирҳои созанда дар самти эҳё ва ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, меҳвари намоишро 73 мусаввараи нодир ташкил медиҳанд, ки маҳсули дасти рассомони маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Хошмуҳаммадов М., Сидоренко В., Хушбахтов Х., Боборикин В., Ҳайдаров А. ва дигарон мебошанд.
Хусусияти хоси намоиш дар он аст, ки осори мазкур аз солњои 1960 ба маърази тамошо гузошта нашуда буданд, ки сабаби асосии он ба тармим ниёз доштани онҳо буд. Ҷойгоҳи махсусро дар намоиш асари рассоми олмонӣ Винклер А. «Манзараи кӯҳӣ. Миёнаи асри XIX» ишғол мекунад, ки қадимтарин намуна дар коллексияи пешниҳодшуда маҳсуб ёфта, ҳамчун «гавҳари намоиш» шинохта мешавад.
Боиси зикр аст, ки тамоми осори дар намоиш гузошташуда пас аз раванди мураккаби тармиму таҳким бори аввал ба маърази тамошои омма гузошта шуд. Экспозитсияи намоиш аз ҷиҳати жанр ва сабк хеле рангин буда, асарҳои воқеъгароёна (реализм) ва тахайюлиро фаро мегирад. Тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо беҳтарин намунаҳои жанрҳои: чеҳранигорӣ; манзаранигорӣ; тасвири лаҳзаҳои таърихӣ ва рӯзгори мардум шинос шаванд.
Дар канори мусаввараҳо, инчунин намунаҳои гуногуни ҳайкалтарошӣ (пайкара ва нимпайкараҳо), осори санъати ороишӣ-амалӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакории бадеӣ пешкаши бинандагон гардид.
Намоиши «Дидор» рамзи эҳтиром ба таърихи санъати миллӣ ва таҷассуми таваҷҷуҳи хосаи давлат ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ дар соли ҷашнӣ мебошад.
Намоиши «Дидор» то 20 майи соли 2026 идома меёбад.















