Ифтитоҳи намоиши “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик …
Ифтитоҳи намоиши “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ”
Имрӯз, 20.02.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони шуҷои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ таҳти унвони “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ибтидои чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Ҳотамиён, директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М.Турсунзода Муродалӣ Собир ва намояндаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффариён Фарҳод Музаффар суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон роҷеъ ба таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи кишвар андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиши фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти кишвар суруд ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан иҷро гардид.
Дар намоиш бори нахуст аз фонди Осорхонаи миллӣ офаридаҳои рассомон, аз ҷумла: Камелин А.Н. “Муҳорибаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ”, Буртсев Е.Г. “Сарҳадчиён”, Ёдгоров К. “Нури ситораи дур”, Абдуқодиров М. “Симои Исмоили Сомонӣ”, Хошмухаммедов М. “Темурмалик”, Илябаев Д. “Набарди Рустам бо Исфандиёр”, Лисиков И. “Посбони тартибот”, Шералиев С. “Вохурӣ. Сарбоз ба хона баргашт”, Қурбанов С. “Симои генерал Тошмухамедов”, Канаян М. “Дар сарҳад”, Хушвахтов Л. “Сарҳадбон”, Бесперстов А. “Бозгашти писар”, Раҳимов А. “Симои аввалин гурӯҳи занҳои милитсияи тоҷик” ва дигар асарҳои санъати тасвирии тоҷик, ки бо маҳорати баланди бадеӣ эҷод шуда, доир ба шуҷоату мардонагии муҳофизони сарзамини аҷдодӣ қисса мекунанд, пешкаши тамошобинон гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 33–солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз санаи 19 то 23 феврали соли ҷорӣ 2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҷиҳати шиносоии бештар доштан бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик экскурсияҳо баргузор мегардад.
Намоиши “Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ” то санаи 3 марти соли 2026 идома меёбад.



















