Боздиди Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия аз Осорхонаи миллӣ

Имрӯз 10.10.2025 дар ҳошияи чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Алишер Наҷмиддин, муовини директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимзода Дилором Наим, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни баргузории сайри осорхонавӣ меҳмонон бо давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири он ва шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик аз наздик ошно гардиданд.

Пас аз тамошои Осорхонаи миллӣ муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроташро қайд намуд.

Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба меҳмон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.