Нахустнамоиши ҳунари гулдузии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нахустнамоиши ҳунари гулдузии тоҷикон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии ҳунари волои гулдӯзии тоҷикон ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси фарҳанги миллӣ, 25 сентябри соли 2025 дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» баргузор мегардад.
Ҳунари гулдӯзӣ яке аз қадимтарин ва зеботарин шаклҳои ҳунари ороишӣ-амалии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар он ғояҳои зебоипарастӣ, орзую афкор ва арзишҳои маънавии мардум таҷассум ёфтаанд. Вобаста ба ин, ганҷинаи бойи осори чеварони чирадаст аз шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон — Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Панҷакент, Рашт, Бадахшон ва ғайра — бори нахуст ба тамошобинон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон пешкаш ва муаррифӣ мегарданд.
Дар намоишгоҳ 56 адад гулдӯзии нодир аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маъраз гузошта мешаванд: сӯзанӣ, чакан, попурдӯзӣ, болинпӯш, сӯзании хурд, ҷойнамоз, миёнбанд, ойнахалта, бардеворӣ, дастархон ва дигар намунаҳои ҳунари суннатии гулдӯзӣ. Дар ҳунари гулдузии тоҷикон ҷойгоҳи махсусро сӯзанӣ ишғол мекунад, ки як навъи асосии гулдӯзии тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, бо гуногунии нақшҳо ва рангҳои худ таассуроти амиқ мебахшад.
Намоишгоҳи «Олами гулдӯзии тоҷикон», саҳми муҳим дар рушди муколамаи фарҳангӣ миёни ду кишвар арзёбӣ гардида, идомаи анъанаи мубодилаи фарҳангии дуҷониба ба ҳисоб меравад.
Намоишгоҳ то 25 октябри соли 2025 идома меёбад.