Тақдими туҳфаи арзанда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи миллӣ
Тақдими туҳфаи арзанда аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 09.07.2025 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои дилфиребу ҷаззоби қароргоҳи беруназшаҳрии «Такоб» боздид ба амал оварданд.
Зимни ин мулоқоти дӯстона, ки дар фазои самимию бародарона сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як туҳфаи арзишманди фарҳангӣ — асари нодири ҳунариро таҳти унвони «Дуои Модар» тақдим намуданд.
Ин асар, ки бо усули дастӣ аз пашм ва рангҳои табии аз ҷониби ҳунармандони моҳири қирғиз бо андозаи 78х116 см омода шудааст, намунаи нодири санъати суннатии намадсозии қирғизӣ маҳсуб меёбад. Дар ин шоҳкорӣ лаҳзаи пурмуҳтавои эҳсосотӣ — тасвири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо модарашон, ки дар ҳолати даст ба дуо мебошанд, инъикос ёфтааст. Ин манзара рамзи садоқати фарзанд ба волидайн, арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавӣ ва нерӯи маънавии амиқи суннатҳои миллиро ифода менамояд.
Ҳар як ҷузъиёти ин асар бо маҳорати баланд ва муҳаббати хос аз ҷониби ҳунармандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ омода гардидааст, ки бозгӯи эҳсоси самимият ва дӯстии халқҳои бародар мебошад.
Ин туҳфаи фарҳангӣ ифодагари рамзи эҳтироми самимии халқи қирғиз ба халқи тоҷик, ҳамчун аломати дӯстии устувори байни ду кишварро муаррифӣ менамояд.
Ин туҳфаи нодир дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд. Туҳфаи мазкур тибқи муқарароти осорхонавӣ дар экспозитсияи доимоамалкунандаи осорхона ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Барои аз наздик шинос шудан бо ин туҳфаи нодир, марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!