Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО

Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО

Имрӯз 11.06.2025 дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар ҳошияиКонфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Лидия Брито роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии “Девон”- и Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки аҳамияти бузурги илмӣ ва таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуданд. Инчунин дар намоиш намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигори тоҷик Олимҷон Камолзода дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ тасвир гардиданд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар баробари осори хаттӣ, инчунин дар намоиши мазкур намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, ба монанди сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар мероси фарҳангӣ, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифгарии фарҳанги тоҷикон мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.