Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори бузургдошти …
Ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ ба ифтихори бузургдошти “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 3.05.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом–миниатурнигори маъруфи тоҷик, академики Академияи рассомони Тоҷикистон — Олим Камолзода ба ифтихори бузургдошти шоҳасари безаволи адабиёти форсу тоҷик – “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва 700-солагии шоири ғазалсарои форсу-тоҷик Ҳофизи Шерозӣ ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ – Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Элза Пинёл, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон – Ҳамидова Наргис, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Худойбердиева Ҷамила Чоршанбиевна, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ, Рассоми Халқии Тоҷикистон – Сабзалӣ Шарипов, доктори илмҳои таърих, профессор Лариса Назаровна Додхудоева, доктори илмҳои таърих Гузел Майтдинова ва санъаткор Ирина Ванн иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар намоиш кормандони Осорхонаи миллӣ, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов, намояндагони ВАО ширкат, меҳмонони дохиливу сайёҳони хориҷии кишвар ва дӯстдорони ҳунар ва санъат ширкат варзиданд.
Дар намоиш 50 миниатюраҳои гуногуни муаллиф, хусусан силсилаҳо аз саҳифаҳои рангини “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва офаридаҳои мусаввир хос ба эҷодиёти пурғановати Ҳофизи Шерозӣ ба монандӣ: «Инкишофи оташи шоҳ Ҳушанг», «Парвози Кайковус ба ҳаво», «Кайковус дар интихоби асп», «Шикори бабр», «Таваллуди Рустам», «Рустам аспи худ Рахшро ром мекунад», «Хофиз», «Гуфтугӯи падар бо писар», «Баҳори дилҳо» ва дигар офаридаҳои мусаввир, ки дар солҳои мухталиф рӯи кор омадаанд, ба намоиш гузошта шуд.
Намоиш имконияти нодир барои пайгирии раванди ташаккул ва такомули мактаби тоҷиконаи миниатюра, ки устод Олим Камолзода беш аз 40 сол боз дар асоси мероси бузурги Камолиддин Беҳзод рушд медиҳад, ба ҳисоб меравад.
Намоиши мазкур на танҳо арҷгузорӣ ба шоҳасар ва шоири шаҳири адабиёти форсу-тоҷик, балки саҳми арзандае дар ҳифз ва рушди суннатҳои миллии рассомии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Меҳмонони дохилӣ, сайёҳони хориҷӣ ва дӯстдорони санъату ҳунар имкон доранд, ки аз намоиши мазкур то санаи 25.05.2025 боздид намоянд.