Саҳми тоҷикистониён дар озоднамоии Беларус аз фашизм

Саҳми тоҷикистониён дар озоднамоии Беларус аз фашизм

Санаи 23.04.2025 дар Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватании Беларус Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Корномаи халқ асрҳо зинда мемонад!” баргузор гардид.
Дар кори он Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо иштирок намуда, дар мавзӯи “Саҳми тоҷикистониён дар озоднамоии Беларус аз фашизм” маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуданд.
Боиси ёдоварист, ки дар рафти шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки аҳолии он тақрибан якуним миллион нафарро ташкил медод, беш аз 290 ҳазор нафар ба фронт фиристода шуданд. Аз ин шумора, зиёда аз 100 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши Сурх ба Ватан барнагаштанд.
Барои ҷасорат ва шуҷоъат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба се дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки на танҳо дар хатти ҷанг, балки дар ақибгоҳ низ мардуми тоҷик саҳми босазо гузоштанд. Онҳо гурезагонро аз тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуда, дар рушди иқтидори мудофиавии кишвар нақши муҳим доштанд.
Ба Тоҷикистон як қатор корхонаҳо аз манотиқи ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ кӯчонида шуданд. Ҳамаи соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ ба эҳтиёҷоти фронт хизмат мекарданд. Заводи механикии ба номи Орджоникидзе минаи дастии Ф-1 истеҳсол мекард, фабрикаи абрешимбофӣ — парашютҳо, ки барои истеҳсоли онҳо пахтаи хокистарии навъи “мисрӣ”, ки танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ мерӯид, истифода мешуд.
Флюорите, ки дар кони Ромит ва Такоб истихроҷ мешуд, барои истеҳсоли оптикаи ҳарбӣ истифода мегардид. Аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фронт бо молибден ва вольфрам низ таъмин мешуданд, ки барои истеҳсоли пӯлоди легиронӣ аҳамияти бузург доштанд.
Албатта, саҳми мардони далеру шуҷои тоҷик, ба монанди Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Аҳмадҷон Қурбонов, Иброҳимов Муҳаммад, Пираков Толбек, Ҳусайнов Муҳсин, Раҳимов Шариф, Раҳимов Азим, Гурлӣ Расулов, Ҳабиев Вилдан, Аҳмедов Фатҳулло, Ҳайдар Қосимов, Носир Абдуллоев, Тоиров Мамадҷон, Мумин Алимҷонов, Боқир Давлатов, Михаил Владимиров, Михаил Новоселтсев ва дигарон дар озоднамоии Ҷумҳурии Беларус аз фашизм назаррас мебошад.