Сайри намоиши ҷашнии “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии …

Сайри намоиши ҷашнии “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи олмонӣ-фашистӣ”

 

   Намоиш ба ифтихори 80-солагии пурра озод шудани Ленинград аз муҳосираи олмонӣ – фашистӣ бахшида шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия ва “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва омода гардидааст.
Намоиш оид ба яке аз саҳифаҳои фоҷиабор ва ҳамзамон қаҳрамононаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ – мубориза барои Ленинград дар солҳои 1941-1944 ҳикоят мекунад. Дар замони муҳосираи Ленинград ба ин шаҳр 150 ҳазор тирҳои туп парронида шуда, 107 ҳазор бомба партоб гардидааст. Шумораи умумии фавтидагон беш аз 1.000.000 нафар мерасад. Ленинградиҳо дар муҳорибаҳои шадид шаҳри азизи худро аз ҳуҷумҳои истилогарон, ки тариқи роҳҳои хушкӣ, ҳавои, баҳрӣ сурат мегирифтанд, мардонавор муҳофизат намудаанд. Ленингради аз сармою гуруснагӣ азияткашида ҳамчун тимсоли матонати мағлубнашаванда ва азму иродаи ғолиб ҳамеша ҷовидон хоҳад монд.
Дар муборизаи зидди фашизм кулли халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Фиристодагони ҷасури халқи тоҷик ҳиссаи беназири худро дар таъмини Ғалаба гузоштаанд.
Дар лаҳзаҳои фоҷиабор халқи тоҷик дар кутоҳтарин фурсат ба кӯмаки Ленингради муҳосирагашта шитофта, ҳаматарафа дастгирию кӯмак менамуд. Фиристодагони Тоҷикистон дар даромаддгоҳҳои Ленингради муҳосирашуда бо душман мубориза бурда, меҳнаткашони ақибгоҳ маҳсулотҳои хӯрока, либосҳои гарм, ашёҳои заруриро барои сокинони шаҳр, маллоҳони флоти Балтика, ҷанговарони фронтҳои Ленинград ва Волхов ҷамъоварӣ менамуданд. Дар солҳои ҷанг заҳматкашони ҷумҳурӣ барои фонди мудофиа зиёда аз 1 млрд. маблағ ҷамъоварӣ намуда, ҳамзамон зайёму лотареяҳо харидорӣ намудаанд. Бо ин маблағ колоннаҳои танкии “Комсомоли Тоҷикистон”, “Муаллими Тоҷикистон”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Колхозчии Тоҷикистон” ва эскадрилияи тайёраҳои “Тоҷикистони Советӣ” омода шудаанд.
Дар Тоҷикистон тамоми саноати маҳаллӣ барои таъмини эҳтиёҷоти фронт равона шуда буд: Корхонаи механикии ба номи Орҷоникидзе норинҷакҳои навъи Ф-1, комбинати шоҳибофӣ матоъ барои парашут омода менамуд. Флюорити аз конҳои Ромит ва Такоб истихроҷшуда, барои сохтани оптикаи ҳарбӣ истифода мегардид. Ҳамзамон дар ин ҷо захираҳои молибден ва волфрам мавҷуд буданд, ки аз он барои истеҳсоли манораҳои танкҳо, тӯпҳо ва тирҳои зиреҳбур истифода мебурданд. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли таҷҳизотҳои гуногуни лозима барои фронт, либоси ҳарбӣ, пойафзоли ҳарбӣ, консерва, мураббо, меваи хушк вусъат ёфта буданд. Дар маҷмӯъ, тӯли солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мардуми тоҷик ба фронт 150 вагон туҳфаҳо фиристоданд, ки аз ин шумора 50 вагон ба Ленингради муҳосирашуда интиқол шудааст.
Воқеан, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба хонаи дуюми сокинони аз минтақаҳои ҷангӣ ба ин кишвар кучонидашуда табдил ёфта буд. Халқи тоҷик дар хонаи худ беш аз 20 ҳазор нафар куҳансолон ва кӯдакони Ленингради муҳосирашударо бо муҳаббату самимият, гарму ҷӯшон қабул намуд. Ҳамзамон аз минтақаҳои ҷангӣ даҳҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ, киностудияҳо ба Тоҷикистон кучонида шуда, гуруҳи кормандони илмӣ, театрӣ омада ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг ҶШС Тоҷикистон дар самти қабул ва муолиҷаи ҷанговарони захмӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида ба беморони маҷрӯҳ ёрии баландсифати тиббиро бо истифодаи технологияи нави табобат ба роҳ монда буд, ки баъдан қисме аз ин технологияҳои тиббӣ дар соҳаи низомии тибби ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Тоҷикистон мақоми пешсафро миёни дигар ҷумҳуриву шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар соҳаи қабули миқдори эвакогоспиталҳо ишғол менамояд. Дар ин ҷо 29 эвакогоспитал фаъолият менамуд, ки 22 адади он дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Сталинобод (Душанбе) ҷойгир шуда буданд.
Санаи 22 декабри соли 1942 медал «Барои мудофиаи Ленинград» таъсис дода шуд, ки бо он зиёда аз 600 ҳазор нафар ленинградиҳо ва чандин ҳазор нафар ҷанговарони дигар, аз ҷумла тоҷикон, ки шаҳри Ленинградро муҳофизат кардаанд, сарфароз гардиданд.
«Дар оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар меҳнати қахрамонона дӯстии мо боз ҳам мустаҳкамтар ва устувортар гардид. Дар дили ленинградиҳо ва тоҷикон як хоҳиши оташин — зуд торумор гардондани душмани лаънатии манфур аст».
Иқтибос аз мактуби миннатдории ленинградиҳо ба халки тоҷик, ки дар рӯзномаи «Ленинградская правда» 18 августи соли 1942 чоп шуда буд.
Барои далерию шуҷоат 56 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. 54 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гашта, 19 нафар дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд. Инчунин 102 ҳазор нафар меҳнаткашони ақибгоҳ бо медалҳои «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шуданд, ки корнамоӣ ва номи некашон аз саҳифаи таърих фаромуш нахоҳад шуд.
Намоиши мазкур то 21-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.
Ҳамшарикони намоиш: Бойгонии давлатии таърихи ҷамъиятӣ-сиёсии Россия;, Бойгонии давлатии марказии Санкт-Петербург;, Бойгонии давлатии марказии ҳуҷҷатҳои аксу кинои Санкт-Петербург;, Бойгонии марказии давлатии адабиёт ва санъати Санкт-Петербург;, Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарики намоиш: Китобхонаи миллии Россия;, Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Сарпарастони намоиш: Е. Д. Маскевич, Ф. Абдулҳамид
Гуруҳи муаллифон: В. В. Соловёва, С. Ахмедов
Дизайнери намоиш: Н. А. Сазонов
Муҳаррири матн: Н. Ф. Федорова
Сармуҳофиз: Е. И. Бородина
Интихоби экспонатҳо аз фонди Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия: Н. В. Инкина, Н. Ю. Князева, Т. А. Кочнева, Е. А. Макаренкова, Ю. А. Науменко, И. О. Селина
Интихоби экспонатҳо аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон: Ф. Абдулҳамид, М. Абдуллоева, С. Ахмедов
Тармимгарон: А. И. Илюхина, В. И. Стародубсева, Н. В. Степанова, Е. В. Таран
Интихоби экспонатҳо аз китобхонаи илмии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия: И. Г. Жерносекова, И. В. Соколова
Нусхабардорони экспонатҳо: А. А. Макаренков, М. С. Хангалова
Гурӯҳи муаллифон ба кормандони Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия М. А. Сенина, А. П. Смирнов барои кӯмак дар ташкили намоиш миннатдорӣ баён менамоянд.