Баргузории ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Президент …

Баргузории ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони Президент ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста”

Рӯзи 14.11.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Президент ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста” баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ: Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Ҳамдам, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед иштирок ва дар мавзӯи “Президент ҳомии манфиатҳои миллӣ ва кафили зиндагии шоиста” андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Маърӯзачиён зикр намуданд, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем. Зеро, маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

Шоистаи ёдоварист, ки Осорхонаи миллӣ зодаи давраи соҳибистиқлолӣ буда, бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Дар ин даврон, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2658 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд, ки онҳо аҳамияти бузурги таърихӣ ва осорхонавӣ доранд. Бо истифода аз ин ашёи муҳим дар Осорхонаи миллӣ “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил шудааст.

Дар доираи ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон дар “Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар гӯшаҳои намоишӣ экскурсияҳо баргузор карда шуданд.