Машғулияти байналмилалии CollAsia 2023 идома дорад

Машғулияти байналмилалии CollAsia 2023 идома дорад

Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” машғулияти байналмилалии “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” идома дорад.

Ёддовар мешавем, ки ин машғулият бори нахуст миёни кишварҳои Осиёи Миёна баргузор гардида истодааст ва то 6-уми октябри соли 2023 идома менамояд.

Машғулият бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) роҳандозӣ гардидааст.

Дар он намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок доранд, ки мутахассисони ботаҷриба аз кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба онҳо машғулият мегузаронанд