Намоиши Ашур Хайдаров

Бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14.07.2016, соати 10 – 00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров (1916-1998) ифтитоҳ мегардад. Намоиш ба ифтихори 100 – солагии рассом аз ҳисоби мусаввараҳои дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузбуда ташкил карда шуд. Ашур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар ш. Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1934 – 1938 дар омӯзишгоҳи рассомии Самарқанд дар ихтисоси муаллими расмкашӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мебошад. Соли 1955 ба шаҳри Душанбе омада, ба сифати рассом дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Соли 1956 рассоми фонди бадеии Тоҷикистон, иштирокчии даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва мебошад. Аз соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС. Соли 1990 ба гирифтани унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми Халқии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

Намоиши Ашур Хайдаров Бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14.07.2016, соати 10 – 00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров (1916-1998) ифтитоҳ мегардад. Намоиш ба ифтихори 100 – солагии рассом аз ҳисоби мусаввараҳои дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузбуда ташкил карда шуд. Ашур Ҳайдаров 14 июли соли 1916 дар ш. Самарқанд таваллуд шудааст. Солҳои 1934 – 1938 дар омӯзишгоҳи рассомии Самарқанд дар ихтисоси муаллими расмкашӣ таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст.