Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018”
Рӯзи 17.03.2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018” ифтитоҳ гардид. Намоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ёдгориҳо ва асарҳои дар давоми як сол ба фонди Осорхона воридшуда ва асарҳои эҷоднамудаи устодону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.
Аз Наврӯзи соли 2017 то Наврӯзи соли 2018 ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 843 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардиданд, ки аз ин шумора 425 ададашон туҳфаи шаҳрвандон ба Осорхона мебошад. Гуруҳбандии осори ба фонди осорхона воридшуда чунин аст: 589 сиккаҳои давраҳои гуногун, 26 мусаввараҳо, 46 китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ, 130 адад маводи бостоншиносӣ, 25 ашёи этнографӣ ва ғ. Боиси ёддошти махсус мебошад, ки соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як адад мусаввара бо номи “Савганди ҷовидонӣ” (амали рассом Ҷураев Ғафурҷон Ҳоҷиевич) ва ҳангоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухаммедов ба Тоҷикистон 3 адад қолинҳои дастбофти туркманӣ, 1 глобус бо тасвири харита ва парчамҳои Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, амсилаи тиллоии сари гург (нусхаи бозёфти таърихӣ), муҷассамаи нуқрагини аспи ахалтекинӣ, сиккаи тилло баробар бо 100 манати туркманӣ, нусхаи ритони портӣ аз ш. Нисои қадим ва китоби “Наврӯзнома” ба фонди МД ОМТ эҳдо гардидааст.
Аз ёдгориҳои ба Осорхона воридгардида дар намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018”ба миқдори 431 адад экспонатҳо гузошта шудаанд. Ҳамзамон дар намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018” 35 адад асарҳои эҷоднамудаи устодону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон пешниҳоди тамошобинон гашта, аз ҷониби шогирдони ин муассисаи таълимӣ намоиши либосҳои миллӣ пешниҳоди тамошобинон гардиданд. Дар ифтитоҳи чорабинии “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018” меҳмонону намояндагони сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатии муқимии Тоҷикистон аз ҷумла сафирони Федератсияи Россия – Лякин–Фролов Игор Семёнович ва Ҷумҳурии Белорусия – Олег Николаевич Иванов аҳли илму адаб ва санъат, инчунин намояндагони васоити ахбори омма ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз – 2018” аз 17.03.2018 то 02.04.2018 идома меёбад.