Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон»
Рӯзи 10 октябри соли 2019, соати 10:00 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Бохтар аз фонди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» намоиш таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба миқдори 25 адад асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хушвахтов Х., Ҳабибулоев З., Боборикин В., Волинский И., Довудов З., Ҳайдаров А., Талдигин Ю., огдасаров Р., Мамадкулов Я., Одинаев Б. ба намоиш гузошта шудааст.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.
Боиси ёддошт мебошад, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.
Намоиши «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Бохтар то 30.10.2019 идома меёбад.