Иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии наврасон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд 01.05.2019
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” дар пойтахти кишвар баргузор гардида истодааст.
Бо мақсади таҳкими дӯстӣ байни наврасони кишвар ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо 200 нафар иштирокчиёни фестивали мазкур ҳамчунин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ сайрҳои осорхонавӣ гузаронида шуд Ба воситаи сайрҳои осорхонавӣ меҳмонон дар шуъбаи табиат оид ба канданиҳои фоиданок, иқлим, набототу ҳайвонот ва парваришгоҳу мамнуъгоҳҳои кишвар маълумот гирифтанд. Даршуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна бошад аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шуруъ аз асри санг то асри XX аз ҷумла бозёфтҳои «Саразм», толори «Оини Зардуштия», «Империяи Ҳахоманишиҳо» «Империяи Кушониён», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гӯшаи «Фарҳанги исломӣ», «Сомониён», толорҳои «Хушнависӣ» ва «Сиккаҳо» дидан намуданд. Дар шуъбаи таърихи нав ва навтарин ба меҳмонон дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш муаррифӣ гардида, ҳамчунин аз толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд. Меҳмонон дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ бо ҳунарҳои рассомӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, кундал ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки меҳмонон бо диққати махсус экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикисонро тамошо намуданд. Зеро иштирокчиёни фестивал наврасони минтақаҳои гуногуни кишвар буда, аксарияти онҳо бори нахуст аз ин маркази фарҳангӣ дидан намуданд.
Иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” пас аз анҷоми сайрҳои осорхонавӣ аз боздиди.