Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб намоиш ифтитоҳ намуд
Рӯзи 6 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо муассисаҳои олии касбӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб намоиш ва конфронси илмӣ таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» баргузор намуд.
Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб Ҳотам Асозода, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдусалом Мирализода, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Ниёзи Акбар, инчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон асарҳо аз эҷодиёти рассомони машҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ҳабибуллоев З. Ҳ., Хушвахтов Х. Д., Боборикин В. М., Кузмин Г. Н., Довудов З., Волинский И., Талдигин Ю., Мамадкулов Я., Сафарова М. ба намоиш гузошта шудааст. Ҳамзамон дар намоиш офаридаҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон ба монанди Ҷурахонов С., Шарипов Қ., Шарипов С., Файзов К. пешниҳоди тамошобинон гардидааст.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, манзараҳои зебои табиати диёр: дарёҳо, кӯлҳо, чашмасорон наққошӣ шудаанд, ки сарзамини моро ҳамчун диёри сарчашмаҳои оби мусаффо муаррифӣ менамоянд.
«Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоби вилояти Хатлон то 30.04.2021 идома ёфта, сокинон ва меҳмонон метавонанд зимни тамошои он доир ба асарҳои дар мавзӯи об офаридашуда маълумоти бештар пайдо намоянд.