Маросими тақдими Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ
Санаи 24.11.2022 дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маросими тақдими Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардид. Ин нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба қайҳон бароварда шудааст.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, Раиси Иттиҳодияи байналмилалии ҳамкории Россия Сергей Калашников, Дабири кулли Иттиҳодияи байналмилалии ҳамкории Россия Полозков В., кайҳоннавард Солиҷон Шарипов, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аҳли кормандони Осорхонаи миллӣ ва доираи васеъи намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ташаббуси мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия таъсиргузор буда, ин парчам ҳамчун яке аз осори нодири замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ барои насли имрӯз муаррифӣ ва барои насли баъдӣ ба мерос гузошта мешавад.
Солиҷон Шарипов дар навбати худ қайд намуд, ки ба қайҳон баровардани парчами мазкур ифодагари идома додани корҳои созандаи ниёгон аз ҷониби насли имрӯз буда, аз нақши гузаштанони мо дар рушди илму фарҳанг ва таҳқиқи кайҳон дарак медиҳад.
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз ё тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солиҷон Шарипов расман ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Баҳри ҳифзу муаррифии шоистаи минбаъда парчами мазкур ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” супорида шуд.
Бояд зикр намуд, ки 24 октябри соли 2004 тоҷикписар – кайҳоннаварди Россия Солиҷон Шарипов дар ҳайати X-умин экспедитсияи Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба кайҳон парвоз намуда, бо худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба онҷо интиқол дод, ки то 24 апрели соли 2005 дар коинот қарор дошт.
Акнун ин нигораи нодир ба толори “Истиқлолият”-и Осорхонаи миллиро ҳусни тоза зам намуда, дар тарбия намудани насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ нақши муассир хоҳад гузошт.