Дар шаҳри Хуҷанд намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20.09.2022 дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов Иброҳим, директори Осорхонаи таърхии вилояти Суғд Мансурҷон Бойматов, устодону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар ифтитоҳи намоиш зикр намуданд, ки муҳимтар аз ҳама, ин нигораҳо нишони он ҳастанд, ки мардуми тоҷик мардуми кучӣ набуда, баръакс мардуми бумӣ ҳастанд ва ин марзу бум марбут ба ниёкони тоҷикон мебошанд.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита, мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз ин намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд то рӯзи 30 сентябр идома намуда, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.