«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид
Рӯзи 05.05.2022 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии шоистаи қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бахшида ба 77–солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва 53-и н. И. Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 80 адад экспонатҳои нодир, аз қабили мусаввараву нимпайкараҳо, ҳуҷҷату аксҳо, лавозимотҳои ҷангӣ, ордену медалҳо пешниҳод шудаанд, ки аз диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қисса мекунанд.
Дар гӯшае аз намоиш намунаи аризањои пешниҳоднамудаи ихтиёриёни ҶБВ: Абдуллоева Марям, Баротов Сайид, Одилов Солӣ ва мактубҳои Ахмедов Машраб, Қодиров Абдусаттор, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Лавозимотҳои ҷангӣ аз қабили: сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Қодиров Чароғ, обдони иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов, харитаи бо порчаи снаряд сӯрохшуда ва ба хун олудаи Амонов Р. дар намоиш гузошта шудаанд, ки солҳои мудҳиши ҷангро пеши назари тамошобин меоранд.
Дар як қисмати намоиш мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи ҶБВ бахшида шудаанд, пешниҳод гардидаанд. Аз ҷумла, офаридаҳои рассомон Хушвахтов Х.Д. “Модари Қаҳрамон Тӯйчӣ Эрҷигитов” (1926), Сапронов Б.Т. “Соли 1941” (1926), Бесперстов А.Т. “Бозгашти писар” (1923), Рахнаев И. Р. «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Белетский А. П. “Симои София Ниёзова”, Хушвахтов Л. Х. “9 май соли 1945”, Сангов Ю. Н. “Май 1945. Вохӯрии ғолибон” инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд.
Дар намоиш хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди пойтахт оид ба ҷонфидоиҳои фарзандони шуҷои миллат сурудҳо сароида, инчунин шеърҳои ватанпарастона қироат намуданд.
Намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 15.05.2022 идома меёбад.
Фаридун Кенҷаев – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон