Баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Навои фалак барои модар”

Рӯзи 05.03.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори таҷлили “Рӯзи Модар” таҳти унвони “Навои фалак барои модар” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлалтии “Осорхонаи миллӣ” Аҳлиддин Ибодуллозода дар сухани ифтитоҳии хеш нахуст ҳамаи занону модаронро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрик ва ба онҳо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуд. Сипас зикр кард, ки воқеан, Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд.

Дар доираи ин чорабинӣ аз ҷониби Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон “Сертификат” – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ворид гардидани “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият – ЮНЕСКО баҳри ҳифзу нигоҳдорӣ ва муаррифии минбаъда расман ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд.

Зимнан аз ҷониби директори муассиса ба чанд нафар занони фаъолияти Осорхонаи миллӣ “Ифтихорнома” тақдим гардид. Инчунин дар доираи чорабинӣ намоиши маҳсули дасти ҳунармандони кишвар марбут ба ҳунари гулдӯзӣ пешниҳоди иштирокчиён ва тамошобинон гардонида шуд.

Ҳамзамон дар бахши фарҳангӣ-фароғатии чорабинӣ бо иштироки адибон ва сарояндагону фалаксароёни кишвар дар васфи Зан-Модар шеъру сурудҳо пешниҳод гардид.

Дар ҳақиқат аз нақши бузурги Зан-Модар дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии онҳо ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.