Ҳамоиши илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи “Истифодаи дурусти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”

Рӯзи 22.11.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ҳамоиши илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи “Истифодаи дурусти Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” бо иштироки олимони соҳаи забоншиносӣ ва кормандони илмии муассиса баргузор гардид.

Дар кори семинар раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Муҳаммадҷонзода Олимҷон, муовини якуми раиси кумитаи мазкур профессор Раҳматуллозода Сахидод ва директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ибтидои ҳамоиш Иброҳимзода Зафаршо ташрифи меҳмононро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам намуда, сипас роҷеъ ба мақому манзалати забони давлатӣ ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ ибрози андеша намуд.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Муҳаммадҷонзода Олимҷон оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки “Забон ҳамеша дар ҳолати рушду такомулёбӣ қарор дошта, бо тақозои замон моро зарур аст, ки забонро мутобиқ бо пешрафти ҷомеа мутобиқ созем”.

Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Раҳматуллозода Сахидод доир ба аҳаммият ва зарурати истифодаи дурусти “Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” маърӯзаи илмӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ миёни ходимони илмии Осорхонаи миллӣ ва намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар анҷоми ҳамиш аз ҷониби раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон ба роҳбарияти Осорхонаи миллӣ китоби “Феҳристи номҳои тоҷикӣ”, китоби “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ва маҷаллаи илмӣ-маърифатии “Забон ва истилоҳот” ҳамчун армуғон туҳфа гардид. Дар баробари ин, роҳбарияти Осорхонаи миллӣ низ ба меҳмонон китобҳои тозанашри муассисаро ҳамчун рамзи дӯстӣ эҳдо намуд.